Иштирок ва суханронии Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаландарзода Мавлуда Сатторӣ дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор гардид. Дар оғози ҷаласа Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ намуданд.

Аз руи масъалаи мазкур дар назди вакилони мардумӣ Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаландарзода Мавлуда Сатторӣ ва вакил аз ҳавзаи интихоботии Вахш Сафарзода Бахтовар баромад намуданд. Зимни суханрони иброз намуданд, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади аз байн бурдани мухолифат, инчунин муайян намудани тартиби пешниҳоди аризаҳои даъвогӣ вобаста ба баррасии шикоят нисбат ба қарор, амали (беамалии) иҷрочии суд таҳия шуд

Чи тавре, ки АМИТ “Ховар” хабар медиҳад, дар кори ҷаласаи мазкур инчунин  Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ ва қабул гардид. Рустам Шоҳмурод, Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Абдураҳим Холиқзода,  раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон  зимни тавзеҳи масъалаи мазкур зикр намуданд, ки дар лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон» шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон воҳиди марзиву маъмурие дониста шудааст, ки мақоми махсуси давлатӣ дошта, дар он қароргоҳи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир буда, маҳалли нигоҳдории нусхаи аслии матни Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва чун ҷойи тайёр кардани шакли аслии рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардидааст.

Ҳамзамон дар лоиҳаи қонуни мазкур кафолатҳои таъмини функсияҳои пойтахт муайян шуда, ваколатҳои Маҷлиси вакилони халқ ва ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар пойтахт дар алоҳидагӣ муайян гардидаанд. Инчунин меъёри мушаххас оид ба ҳудуди шаҳри Душанбе пешбинӣ шуда, асосҳои ба амал баровардани фаъолияти меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмон дар ҳудуди пойтахт ва хусусиятҳои таъминоти моддӣ ва молиявии пойтахт муқаррар шудаанд.

Дар ҷаласаи Парлумон ҳамзамон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таърихи қарз (кредит)»  тағйироту илова ворид карда шуд. Масъалаи мазкурро  дар назди вакилон Ҷамшед Нурмуҳаммазода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон  ва Шариф Раҳимзода, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон шарҳ доданд. Зикр шуд, ки лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади ба роҳ мондани низоми  самараноки баҳисобгирии таърихи қарз, кам намудани арзиши қарз ва хавфи он, рушди қарзҳои истеъмолӣ ва ипотекӣ, инчунин қарздиҳӣ ба соҳибкорони хурд, дар маҷмӯъ барои васеъ намудани имконияти қарздиҳии ташкилотҳои қарзӣ ба табақаҳои эҳтиёҷманди аҳолӣ ва рушди иқтисодии Тоҷкистон таҳия гардидааст.

Инчунин вакилони Парлумони мамлакат ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаолияти суғуртавӣ» тағйироту илова ворид намуданд. Таъкид шуд, ки ҳадаф аз ворид намудани тағйироту илова мутобиқ намудани муқаррароти  қонуни мазкур ба вазъи ҳуқуқии мақоми нави назорати суғуртавӣ ва афзудани самаранокии танзим, назорати бозори суғурта, инчунин таъмини ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои суғуртавӣ ва манфиатҳои давлат мебошад.


Leave a Reply