Гузаронидани шанбегӣ

Имрӯз дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади давом додани корҳои ободонӣ ва вусъати корҳои кабудизоркунӣ, шанбегӣ гузаронида шуд.

Дар ин шанбегӣ роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин судяҳо ва кормандони суди иқтисодии шаҳри Душанбе иштирок намуда, гирду атрофи бино, бойгонии суд ва ҳуҷраҳои кориро тоза намуданд.

Бо тасмими роҳбарият ин корҳо то таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дода мешавад.


Leave a Reply