Раҳматнома аз ҷониби саҳмдорони Хоҷагии деҳқони “Баҳодур”-и ноҳияи Шаҳринав

Дар санаи 28 сентябри соли 2017 аз ҷониби як гурӯҳ саҳмдорони хоҷагии деҳқонии “Баҳодур”-и ноҳияи Шаҳринав ба унвони Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон раҳматнома ба судя Мирзозода Парвиз, ворид гардид, ки дар он аз ҷумла омадааст. “Шумо ба Конститутсия такя карда ҳуқуқу озодиҳои аъзоёни хоҷагии деҳқонии моро ҳимоя намуда, адолати судиро барқарор намудед. Имрӯз мо тавонистем, ки дар асоси ҳалномаи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо роҳбарии Шумо одилона баррасӣ гардид соҳиби саҳми худ шавем”.

Бинобар ин онҳо барои риояи муқарароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои қонунгузори аз ҷониби судяи номбурда изҳори сипос намуданд.


Leave a Reply