Семинари дахлдор “Доир ба қарзҳои мушкилситон ва тартиби баргардонидани қарзҳо”

Санаи 28 сентябри соли 2017 дар маркази омӯзишӣ ва таълимии Ассотсиатсияи ташкилотҳои маблағгузории хурди Тоҷикистон семинари дахлдор “Доир ба қарзҳои мушкилситон ва тартиби баргардонидани қарзҳо” бо иштироки намояндагони ташкилотҳои қарзӣ (ташкилотҳои маблағгузори хурд ва бонкҳои тиҷоратӣ) барпо шуд.

Дар рафти он бобати масоилидар боло номбаршуда судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Парвиз дар мавзӯи “Хусусиятҳои пешниҳоди даъво ба судҳои иқтисодӣ. Тартиб ва хусусиятҳои хоси танзимнамоии қонунгузорӣ” маърӯза намуд.

Дар аввал қайд карда шуд, ки судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон адолати судиро дар соҳаи соҳибкорӣ ва дигар фаъолияти иқтисоди мувофиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо роҳи баррасӣ намудани баҳсҳои иқтисодӣ ва баррасии дигар парвандаҳо, ки бо Кодекси Мурофиавии Иқтисодии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қонунҳо, ки ба салоҳияти онҳо дахл доранд, ба амал мебароранд. Инчунин ёдрас шуд, ки муроҷиат ба суди иқтисодӣ дар шакли аризаи даъвогӣ, ариза, шикоят ва эътироз амалӣ мегардад. Даъво – воситаи асосии мурофиавии ҳимояи ҳуқуқи вайронгашта дар мурофиаи судии иқтисодӣ мебошад, ки дар қонунгузорӣ сабт ёфтааст ва ҳуқуқи муроҷиат кардан ба суди иқтисодӣ бо талабот оиди ҳимояи ҳуқуқи вайронкардашуда ё мавриди баҳс қароргирифта мебошад.

Дар охири семинар иштирокчиён дар муҳокимаи кушод ба саволҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

 


Leave a Reply