Машғулияти семинарии судяҳо

Имрӯз дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон  машғулияти семинарии навбатии судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Мақсад аз ин машғулиятҳо баланд бардоштани савияи дониши касбии судяҳо ва кормандони дастгоҳ мебошад ва дар он роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳои иқтисодии вилояти Хатлон ва шаҳри Душанбе низ ҷалб карда мешаванд. Дар […]


Изҳори тасаллият марбут ба фавти модари Ширинзода Эраҷ, судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Роҳбарият, судяҳо ва кормандони судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабари даргузашти  модари судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширинзода Эраҷро бо андӯҳи бузург дарёфтанд. Ҳамдардиву таъзияи амиқ ва тасаллиятҳои сидқии худро ба Ширинзода Эраҷ ва наздикону пайвандони ӯ изҳор намуда аз даргоҳи Илоҳӣ сабри ҷамил хоҳонем.


Маҷлиси тантанавӣ ба муносибати Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Спитамен

Субҳи имрӯз дар толори калони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур Раиси ноҳия Темурҷон Нӯмонзода, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарама Қаландарзода Мавлуда Сатторӣ, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, муовини Раиси вилоят Рустам Каримзода иштирок намуда, ҳозирин ва кулли сокинони […]


Аёдати кудакону ятимон дар арафаи ҷашни Истиқлолият

Имрӯзҳо дастгири намудани табақаи эҳтиёҷманди аҳолӣ ба хусус ятимону бепарасторон, ин нишони дар амал татбиқ намудани  дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри дар амал татбиқ намудани сиёсати иҷтимоии мамлакат мебошад. Ғамхори  дар хотири ятимону  маъюбон ва оилаҳои камбизоат, шахсони ниёзманд ва дастгирии онҳо дар сиёсати  иҷтимоии роҳбарияти  давлату Ҳукумати […]


29 – умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон!

Имсол дар саросари кишвари маҳбубамон Ҷумҳурии Тоҷикмстон ҷашни 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад, бузургтарин ва муҳимтарин воқеаи таърихи миллати куҳанбунёди тоҷик ба ҳисоб рафта, муқаддастарин ҷашни миллию давлатии мо мебошад. Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, калимае, ки вуҷуди миллату давлатро чун номуси ватандориву ватанпарварӣ тарбия намуда, мардумро ба ягонагиву сулҳу субот ва давлатро […]


Фаъолияти мо бояд фарогир ва муассир бошад.

Тавре огоҳ ҳастем дар остонаи ҷашнгирии Истиқлолияти давлатӣ, ки яке аз ҷашнҳои ормонии худ, ки барои ҳар тоҷику тоҷикистонӣ муқаддас аст, қарор дорем. Барои ҳар яки мо холисона таҳлил намудани ин нуқта муҳим аст, ки дар солҳои нахустини истиқлолияти миллӣ дар кадом вазъ қарор доштем ва имрўз ба кадом сатҳ расидем. Роҳи паймудаи мо сода […]


Самараи Истиқлолият дар такмили низоми судӣ

«Яке аз муҳимтарин дастовардҳои мо дар даврони истиқлолият давлатсозӣ ва давлатдории муосири миллӣ мебошад, ки моҳиятан шакли ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва дунявиро дорад». Э. Раҳмон Аввалин санади ҳуқуқие, ки истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро эълон кард, Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки 24-уми  августи соли 1990 дар иҷлосияи дуюми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон (даъвати дуюм) қабул […]


Табрикоти судяи Суди иқтисодии ВМКБ дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба рӯзи Истиқлолияти давлатӣ

Имрӯз дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 29-умин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Зариф Ализода, роҳбарият, судяҳо ва кормандони Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Сараввал Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Судяи Суди иқтисодии Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон, Қурбоншоҳзода […]


Судяи Суди иқтисодии ВМКБ бо медали “Хизмати шоиста” сарфароз гардонида шуд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи 29 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳамчунин мақомоти судӣ, ки дар фаъолияти худ натиҷаҳои назаррас доранд бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардониданд. Судяи Суди иқтисодии ВМКБ, Қурбоншоҳзода Нозигул Мастоншоҳ барои хизматҳои худ бо медали “Хизмати […]