Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ

Ҳамватанони азиз! Ҳамаи шумо ва ҳамватанони бурунмарзиамонро ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки яке аз ҷашнҳои муҳимми даврони соҳибистиқлолии кишварамон мебошад, самимона табрик мегӯям. Таъмин намудани сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, ки аз Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии мамлакат сарчашма мегирад, барои қатъи мухолифати мусаллаҳона ва ҷангу хунрезӣ, сарҷамъии миллати тоҷик, ба Ватан баргардонидани […]


ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – ПОЯИ СУЛҲУ СУБОТИ ҶОМЕА – Қаландарзода М.С, Раиси Суди Олии иқтисодӣ

«Арзиши муқаддасу таърихӣ ва омили муҳимтарини ҳамаи дастовардҳои миллати мо баъди Истиқлолияти давлатӣ, бешубҳа, ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ мебошад. Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон роҳи рушду такомули минбаъдаи кишварро равшан сохт. Нақши созандаи сулҳу ваҳдат махсусан дар самти таҳким ва такмили давлатдорӣ, ки амалан заминаҳои зарурии ҳифзи истиқлолияти […]