Изҳори тасаллият марбут ба фавти падари судяи Суди иқтисодии вилояти Суғд Носирӣ Ҷамшед

Роҳбарият, судяҳо ва кормандони судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабари даргузашти  падари судяи Суди иқтисодии вилояти Суғд Носирӣ Ҷамшедро бо андӯҳи бузург дарёфтанд. Ҳамдардиву таъзияи амиқ ва тасаллиятҳои сидқии худро ба Носирӣ Ҷамшед ва  наздикону пайвандони ӯ  изҳор намуда  аз даргоҳи  Илоҳӣ сабри ҷамил хоҳонем.


Ваҳдати миллӣ – волотарин падидаи хиради инсонӣ – Муминзода Қутбиддин судяи СОИ ҶТ

Ваҳдати миллӣ ва истиқрори сулҳи тоҷикон, ки мо дар остонаи он қарор дорем, яке аз ҷашнҳои бузургу муҳташами миллати мо маҳсуб мешавад. Ин ҷашн, ки дар зоти худ нодиртарин падидаи хиради инсонӣ ва эҳёгари миллати тоҷик мебошад, бо мурури замон ҳар лаҳзаву ҳар соат дар назари мардуми кишвари мањбубамон ва ҷаҳониён эътибори тоза пайдо менамояд. […]