Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ

Ҳамватанони азиз! Ҳамаи шумо ва ҳамватанони бурунмарзиамонро ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки яке аз ҷашнҳои муҳимми даврони соҳибистиқлолии кишварамон мебошад, самимона табрик мегӯям. Таъмин намудани сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, ки аз Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии мамлакат сарчашма мегирад, барои қатъи мухолифати мусаллаҳона ва ҷангу хунрезӣ, сарҷамъии миллати тоҷик, ба Ватан баргардонидани […]


ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – ПОЯИ СУЛҲУ СУБОТИ ҶОМЕА – Қаландарзода М.С, Раиси Суди Олии иқтисодӣ

«Арзиши муқаддасу таърихӣ ва омили муҳимтарини ҳамаи дастовардҳои миллати мо баъди Истиқлолияти давлатӣ, бешубҳа, ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ мебошад. Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон роҳи рушду такомули минбаъдаи кишварро равшан сохт. Нақши созандаи сулҳу ваҳдат махсусан дар самти таҳким ва такмили давлатдорӣ, ки амалан заминаҳои зарурии ҳифзи истиқлолияти […]


Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Имрӯз таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. Дар кори маҷлис нахуст масъалаи вобаста ба Нақшаи кори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нимсолаи дуюми соли 2020 мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Оид ба ҷараёни иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии […]


ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР МЕҲВАРИ ДАВЛАТДОРӢ – Асрорзода З, сардори Раёсати СОИ ҶТ

Инсон аз рӯзе, ки худро ҳамчун мавҷуди иҷтимоӣ, бошуур ва маданӣ шинохт, бешак бақову ҳастӣ, шарти зиндагии осоишта, дастёб шудан ба пешравияшро дар мафҳуми муқаддаси “Ваҳдат” ҷамъбаст намуд.   Ин  вожа инсониятро ба марҳилаи нав раҳнамоӣ кард. Яъне, даврони тодавлатӣ ва бедавлатиҳое, ки ҳукумрон буд, аз набуди ҳамбастагӣ дар умури иҷтимоӣ дарак медод. Маҳз Ваҳдат дар […]


Эълон: Озмун Барои ишғоли мансабҳои маъмурии хизмати давалтӣ

Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Барои ишғоли мансабҳои зерини холии маъмурии хизмати давалтӣ озмун эълон менамояд:   Сардори раёсати коргузорӣ ва назорат -1 ҷой Талаботҳои тахассусӣ барои довталабон: – таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад; – 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ дар мансабҳои категорияи дуюм ё […]


Изҳори тасаллият марбут ба фавти падари судяи Суди иқтисодии вилояти Суғд Носирӣ Ҷамшед

Роҳбарият, судяҳо ва кормандони судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабари даргузашти  падари судяи Суди иқтисодии вилояти Суғд Носирӣ Ҷамшедро бо андӯҳи бузург дарёфтанд. Ҳамдардиву таъзияи амиқ ва тасаллиятҳои сидқии худро ба Носирӣ Ҷамшед ва  наздикону пайвандони ӯ  изҳор намуда  аз даргоҳи  Илоҳӣ сабри ҷамил хоҳонем.


Ваҳдати миллӣ – волотарин падидаи хиради инсонӣ – Муминзода Қутбиддин судяи СОИ ҶТ

Ваҳдати миллӣ ва истиқрори сулҳи тоҷикон, ки мо дар остонаи он қарор дорем, яке аз ҷашнҳои бузургу муҳташами миллати мо маҳсуб мешавад. Ин ҷашн, ки дар зоти худ нодиртарин падидаи хиради инсонӣ ва эҳёгари миллати тоҷик мебошад, бо мурури замон ҳар лаҳзаву ҳар соат дар назари мардуми кишвари мањбубамон ва ҷаҳониён эътибори тоза пайдо менамояд. […]


Маҷлиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тҷоикистон вобаста ба муҳокимаи натиҷаи расонидани ёрии амалӣ ва санҷиши фаъолияти суди иқтисодии вилояти Суғд, Хатлон ва шаҳри Душанбе

Санаи 20 июни соли 2020 дар Суди Олии иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси навбати вобаста ба муҳокимаи натиҷаи расонидани ёрии амалӣ ва санҷиши фаъолияти суди иқтисодии вилояти Суғд, Хатлон ва шаҳри Душанбе, баргузор гардид. Дар маҷлис Роҳбарият, судяҳо ва кормандони Суди Олии иқтисодӣ, суди иқтисодии вилояти Суғд, Хатлон ва шаҳри Душанбе иштирок намуданд. Дар маҷлис “Натиҷаи […]