Изҳори тасаллият ба муовини Раиси Суди иқтисодии ВМКБ Ғарибшозода Р. Қ

Роҳбарият, судяҳо ва кормандони судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабари даргузашти падари муовини Раиси Суди иқтисодии ВМКБ Ғарибшозода  Раҳимшо Қиматшоро бо андӯҳи бузург дарёфтанд. Ҳамдардиву таъзияи амиқ ва тасаллиятҳои сидқии худро ба Ғарибшозода  Раҳимшо Қиматшо, наздикону пайвандони ӯ  изҳор намуда  аз даргоҳи  Илоҳӣ сабри ҷамил хоҳонем.


Вохӯрии Шӯрои вилоятии мутобиқсозии методӣ оид ба тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон дар вилояти Суғд

Санаи 3 майи соли 219 Муовини Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодирзода Абдуҷаббор дар шаҳри Хуҷанд дар вохӯрии Шӯрои вилоятии мутобиқсозии методӣ оид ба тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон, иштирок намуданд. Дар вохӯрӣ Раиси вилояти суғд Раҷаббой Аҳмадзода, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода, Вазири адляи Ҷумҳурии […]


“Фаъолияти ҳуқуқэҷодкунй дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: масоил ва дурнамо” баргузории Конференсияи ҷумҳуриявӣ

Санаи 01 майи соли 2019 бо ибтикорӣ Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар  бинои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалй дар мавзӯи “Фаъолияти ҳуқуқэҷодкунй дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: масоил ва дурнамо” баргузор гардид, Дар кори конференсия   судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддинӣ Нурулло ширкат варзида дар мавзӯи “Сохтори […]