Иштироки Роҳбари дастгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Ҷамшед дар маҷлиси ҷамъбастии рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия Спитамен дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ

Дар маҷлис Раиси ноҳия Сулаймонзода А., муовинони Раиси ноҳия, мудирони шуъба ва бахшҳои дастгоҳи Раиси ноҳия, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, масъулини соҳаи кишоварзӣ, раисони ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об, роҳбарони корхонаҳои саноатӣ ва сохтмон, инчунин раисони кумитаи маҳаллаҳо, роҳбарони идораҳо ва намояндагони муассисаҳои соҳаҳои […]