Ҷамъомад дар Суди Олии иқтисодӣ

Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Раиси Суди Олии иқтисодӣ Қаландарзода М.С., муовинон, судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди Олии иқтисодӣ, раисон, судяҳо ва кормандони судҳои иқтисодии вилояти Хатлон ва шаҳри Душанбе ҷамъомад баргузор гардид. Ҷамъомад ба муносибати натиҷагирӣ аз ҷамъбасти озмуни ҷумҳуриявӣ вобаста ба иҷрои сифатноки корҳои бунёду навсозии майдончаҳои варзишӣ […]


Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Имрӯз таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар кори маҷлиси ҳукумат нахуст доир ба ташкили корҳо дар самти таҳияи дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2021-2022 гузориши вазири […]


Миллат ва парчам – Ғолиб Дамонзода мутахассиси пешбари Суди Олии иқтисодӣ

Парчамдориву парчамбардории халқи мо таърихи қадима дошта, аҷдодонамон аз ибтидои тамаддуни башарӣ соҳиби рамзу нишони худ буданд. Дар ин миён Парчам ҳанӯз аз замонҳои хеле қадим рамзи давлатдорӣ, шукӯҳу ифтихор ва нангу номус буд. Бозёфтҳои таърихӣ, ҳафриёту навиштаҷот ва деворнигораҳои гуногун, ки то замони мо ба мерос расидаанд, далели ҳамин гуфтаҳост. Ба пайдоиши парчам дар […]


Семинари омӯзишӣ дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон дар мавзӯи «Таҷрибаи ҳалли баҳсҳо марбут ба замин дар судҳои иқтисодӣ”

Имрӯз дар толори маҷмааи “Малика” воқеъ дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон  семинари омӯзишӣ дар  мавзӯи «Таҷрибаи ҳалли баҳсҳо  марбут ба замин дар  судҳои иқтисодӣ”  баргузор гардид. Дар кори ҳамоиш олимон, устодон, мутахассисони соҳаи ҳуқуқ,  доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Исмоилов Шавкат Махмудович, намояндагони Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи прокуратураи  вилояти Хатлон, ташкилотҳои […]


Мизи мудаввар дар мавзӯи «Парчами давлатӣ – муаррифгари миллат»

Имрӯз, 23 ноябри соли 2018 дар толори маҷлисгоҳи Cуди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳои иқтисодии ҷумҳурӣ ба муносибати ҷашнгириии Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзўи «Парчами давлатӣ – муаррифгари миллат» мизи мудаввар доир гардид. Мизи мудавварро муовини якуми Раиси Суди Олии иқтисодӣ Қодирзода А.С. ифтитоҳ бахшида, ҳамаи […]


Баромади судяи суди Олии иқтисодӣ Нуруиддини Нурулло дар мавзӯи  “Нақши Конститутсия дар таҳкими адолати иҷтимоӣ”дар конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ бахшида ба 24-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муҳтарам устодон, Ҳозирини гироми, Пеш аз ҳама, миннатдории худро барои даъват ва фароҳам овардани шароити мусоид барои гузаронидани чорабинии мазкур, яъне Конфренсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Масъалаҳои мубрами ҳуқуқи конститутсионй ва ҳуқуқи маъмурӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки ба муносибати ҷашни 24- умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст ба ташкилкунандагон роҳбарияти факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи […]


Пешвои миллат- эҳёгари сулҳу ваҳдат! – Қодирзода Абдуҷаббор, муовини якуми Раиси Суди Олии иқтисодӣ

Фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, Пешвои муаззами миллат, Эмомалӣ Раҳмон баъд аз нофаҳмиҳо ва даргириҳои таҳмилӣ дар натиҷаи музокироти сулҳ ба ҷанги хонумонсӯз хотима гузошта, Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистонро имзо карданд. Расидан ба сулҳ кори басо душвор ва ниҳоят мураккаб буд. “Таърих гувох аст,- менависад Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, – […]


Маросими ба кор даровардани агрегати якуми Неругоҳи барқи обии “Роғун”

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар маросими ба кор даровардани агрегати якуми Неругоҳи барқи обии “Роғун” ба шаҳри Роғун ташриф оварданд. Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмонро дар Фурудгоҳи муваққатии майдони сохтмони Роғун Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода истиқбол гирифтанд. Ҳамчунин барои иштирок дар ин рӯйдоди […]