Гузаронидани шанбегӣ

Имрӯз дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди олии иқтисодӣ шанбегӣ гузаронида шуд. Дар ин шанбегӣ гирду атроф ва боғи назди бинои Суди Олии иқтисодиро тоза намуда, бо мақсади намои зебо пайдо кардан, гирду атрофи дарахтон ва гулҳоро нарм намуда аз алафҳои бегона тоза намуданд. Қайд кардан ба […]


Машғулияти семинари бо судяҳои Судҳои Суди Олии иқтисодӣ, суди иқтисодии вилояти Хатлон ва шаҳри Душанбе

Имрўз, дар толори маҷлисгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Нақшаи гузаронидани машғулиятҳои семинарӣ бо судяҳои Суди Олии иқтисодӣ, Судҳои иқтисодии вилояти Хатлон ва шаҳри Душанбе дар нимсолаи дуюми соли 2018 машғулияти семинарии навбати доир гардид. Дар семинари мазкур, ки бо раисии муовини  Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аминзода Зокир баргузор гардид, судяҳои Суди Олии […]


Изҳороти матбуотӣ аз рӯи натиҷаҳои ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил

Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори омма, Чанд лаҳза қабл ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил анҷом ёфт. Дар рафти ҷаласаҳои хосса ва бо иштироки ҳайатҳо оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи ҷаласа табодули афкори пурмуҳтаво сурат гирифта, доир ба ҳамкории минбаъда дар доираи Созмонамон қарорҳои дахлдор қабул гардиданд. Мо ба масъалаи таҳкими минбаъдаи ҳамгироии кишварҳои […]


Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил

Сипас кори Ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар музокироти васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии кишварҳои аъзо ва меҳмонони ҳамоиш ҷараён гирифт. Дар кори ҷаласа масъалаҳои ҳамкории кишварҳо дар доираи Иттиҳод, натиҷаи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳод ва мавзуъҳои асосии дигар, аз қабили қабули […]


Ҳолати иҷрои бандҳои Нақшаи чорабиниҳои татбиқи Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷлиси ваеъи Суди Олии иқтисоди мавриди муҳокима қарор дода шуд

Имрӯз  дар Суди Олии иқтисодӣ бо иштироки роҳбарият, судяҳо, кормандони дастгоҳи Суди Олии иқтисодӣ, раисон, муовинон, судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳои иқтисодии вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе  маҷлиси васеъ доир гардид. Дар маҷлис нахуст маълумотномаи санҷишии гурӯхи кории Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пешниҳоди муовини директори Агентӣ доир […]


Ифтитоҳи Боғи ба номи Аҳмади Дониш дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе

Шоми рӯзи 26 сентябри соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани Боғи ба номи Аҳмади Дониш, ки дар муддати камтар аз як сол дар хиёбони Рӯдакӣ, рӯ ба рӯи Бӯстонсаройи шаҳрии Ҳукумати […]


Сафари гуруҳи корӣ ба Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон

Гурӯҳи кории Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати судяҳои ҳамин суд Ширинзода Эраҷ, Азизӣ Ҷалолиддин, сардори Раёсат Асрорзода Зуҳуриддин ва сардори шуъба Ҷумазода Муродалӣ санаҳои 19-21 сентябри соли 2018 дар Вилояти Мухтори куҳистони Бадахшон дар сафари хизматӣ қарор дошданд. Дар рафти сафар гуруҳи корӣ тибқи нақшаи кории Суди Олии иқтисодӣ ба суди иқтисодии Вилояти […]


Сафари гуруҳи корӣ ба Федератсияи Россия бо мақсади шиносоӣ бо таҷрибаи фаъолияти ҳокимияти судии Федератсияи Россия

Cанаи  16-20  сентябри соли ҷорӣ  Ғоибов Ғоиб Ҷурабоевич – мутахассис оид ба иттилооти Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ  бо  кормандони  Суди Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Федератсияи Россия  сафари хизматӣ анҷом доданд. Мақсади сафар шиносоӣ бо таҷрибаи фаъолияти ҳокимияти судии Федератсияи Россия дар самти “Дастрасӣ ба иттилооти судӣ”, омӯзиши фаъолияти маркази матбуотии суди шаҳри […]