Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз 8 сафири нав эътимоднома қабул намуданд

Имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 8 сафири нав эътимоднома қабул намуданд. Зимни маросими эътимодномасупорӣ ба Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафирони фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон Найтхар Хёфер-Виссинг, Шоҳигарии Белгия Алекси де Кромбрюгхе де Пикендаел, Руминия Чезар – Маноле Армяну, […]