Сафари кории Пешвои Миллат ба ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон ва боздид аз боғи “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат” дар Хоҷагии фермерии “Асадулло”

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии сокинон ва рафти корҳои саҳроӣ ба ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон ташриф оварданд, хабар медиҳад Хадамоти иттилоотии Президенти кишвар. Боздиди кории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст аз Боғи намунавии интенсивии ба номи “Асосгузори сулҳу ваҳдати […]