Баротзода Зумрат

Баротзода Зумрат

23 январи соли 1978 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст.

Дорои маълумоти олӣ буда, соли 1999  Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқ­шинос хатм намудааст.

Дорои рутбаи судяи дараҷаи панҷум тахассус мебошад.

Фаъолият ва собиқаи корӣ:

Солҳои 1999-2001 Мушовири шӯъбаи ҷамъбасти амалияи судии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2001-2004 Ёрдамчии Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2004-2006 Иҷрочии суди ҳарбии гарнизони Хуҷанди вилояти Суғд
Солҳои 2006-2008 Мутахассиси пешбар-тарҷумони Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон
солҳои 2008-2010 Сардори шӯъбаи ҷамъбасти амалияи судӣ ва арзу шикоятҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2010-2011 Коромӯз – судя
Солҳои 2011-2015 Судяи Суди иқтисодии   вилояти Хатлон
Солҳои 2015-2025 Судяи Суди иқтисодии   шаҳри Душанбе
аз 03 феврали соли 2025 то инҷониб Судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Напечатать страницу Напечатать страницу