More from: Хабарҳо

Рӯзи артиши миллӣ муборак!

Ҳамватанони гироми, Шуморо ба муносибати ҷашни 27 солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки яке аз сохтори муҳимтарини давлатдорӣ ва сипари боэътимоди Ватани маҳбубамон мебошад, муборакбод мегӯем. Бо ифтихормандиии зиёд изҳор менамоем, ки имрӯз Артиши миллии Тоҷикистон яке аз пурқувваттарин қувваҳои мусаллаҳи минтақа маҳсуб меёбад ва дахлнопазирии марзу бум ва тамомияти арзии Тоҷикистони азизамонро босадоқату софдилона […]


Маросими савгандёдкунии судяи суди иқтитисодии шаҳри Душанбе Нурализода Одил

Имрӯз, 7 феврали 2020 дар Суди Олӣ маросими тантанавии савгандёдкунии 58 нафар номзадҳое, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал ба вазифаи судя таъин шуданд баргузор гардид. Дар маросими савгандёдкуни як нафар Коромӯз – судя Нурализода Одил, ки бо Фармони Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе таъин шуд, […]


Таъиноти кадрӣ дар мақомоти судӣ

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кадрҳое, ки ба вазифаҳои раисони суд, муовинони раисони суд, судяҳои суди шаҳру ноҳияҳои мамлакат таъйин гардиданд, мулоқот намуданд. Чи тавре ки аз хадамоти матбуоти Президент хабар медиҳанд, аз 153 нафаре, ки ба вазифаҳои масъули ин шохаи ҳокимияти давлатӣ таъйин гардиданд, […]


ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи таъин ва озод намудани судяҳо

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи таъин ва озод намудани судяҳо Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам: 1. Назарзода Абдуҳанон Худойназар муовини якуми раиси суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин гардида, аз вазифаи муовини раиси суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон озод карда шавад. 2. Раҳматзода Тоҷиддин Раҳмат судяи суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон […]


«Ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: вазъ ва дурнамо»

Cанаи 20-25  январи соли ҷори дар доираи Нақша-ҷадвали курсҳои азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатӣ дар соли 2020 дар Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сармутахассисон, мутахассисони пешбари раёсатҳо, шуъбаҳо, бахшҳои умумии мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлати курси такмили ихтисос аз рӯи барномаи «Ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: вазъ ва дурнамо»  баргузор гардид, ки […]


Сафари кори ба шаҳри Бохтар ҷиҳати натиҷагири аз фаъолияти судяҳои суди иқтисодии вилояти Хатлон

Имрӯз Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаландарзода Мавлуда бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқот бо судяҳои ҷумҳурӣ аз 21 ноябри соли 2019 баён доштанд  ва иҷрои банди 3 нақшаи чорабиниҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Таҳлили ҷамъбасти фаъолияти солонаи ҳар як судя дар соли […]


Тасдиқи рамзи «30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз байни рамзҳои пешниҳоднамудаи рассомон, дизайнерон ва устодони Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон рамзи «30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро тасдиқ намуданд. Рамзи мазкур дар шакли мудаввар таркиббандӣ шуда, давродаври он ба забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ “Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва рақамҳои […]


Тасдиқи рамзи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани солҳои 2019-2021

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани солҳои 2019-2021-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд. Рамзи мазкур аз ҷониби Иттифоқи рассомон ва устодони Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод гардидааст. Гирдогирди рамзро се […]