More from: Баромад ва маърузахо

«Дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ ва ҳифзи арзишҳои он» – Вализода Фаррух – мутахассиси пешбари Раёсати таъмини ташкили кори судҳо, ҷамъбасти амалияи судӣ, омори судӣ ва арзу шикоятҳои Суди Олии иқтисодӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муҳтарам Раис, Ҳозирини гиромӣ, Истиқлолият воқеан, як калимаи муқаддас ва бузург мебошад, ки миллатҳо солҳову асрҳо баҳри ба даст овардани он ҳар он чизе доранд, харҷ мекунанд, вале боз ноком мегарданд ва орзуҳои худро ба олами хомӯшӣ мебаранд. Истиқлолият калимаест, ки ба ҳеҷ иборае онро наметавон баён намуд, онро танҳо эҳсос метавон кард. Истиқлолият калимаест, […]


Ваҳдат падидаи нодири сулҳофарӣ – Шарифзода Хушнуд Абдулло, Мутахассиси пешбари Раёсати таъмини ташкили кори судҳо, ҷамъбасти амалияи судӣ, омори судӣ ва арзу шикоятҳо

Мӯҳтарам раис ва ҳозирони гиромӣ! Дар арафаи 21-умин солгарди иди Ваҳдати миллӣ дар бораи талошу кӯшиш ва саъю ғайрати абармарди миллат, ки барои фароҳам овардани сулҳи тоҷикон фидокорӣ кардааст, ёдрас мешавем. Баъди пароканда гардидани ҳокимияти Шўравӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати навбунёд, ба бисёр нокомиҳо гирифтор шуда,  ҳодисаҳои нангин, бадбинӣ, гуруҳбозӣ, маҳалчигӣ ва майдоншини рӯй дод, ки  оқибат ба ҷанги шаҳрвандӣ оварда расонид. Ҷангҳои мусаллаҳҳона […]


Ваҳдате, ки бо ҷонбозиҳо ба даст омад – Темурзода Шамсиддин Сафар, Судяи суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ваҳдате, ки бо ҷонбозиҳо ба даст омад Ваҳдат нишонаи сулҳу оромӣ, некуаҳволии халқ, созандагиву ободкорӣ ва пеш аз ҳама, бозгӯи бахти баланди ҳар миллате маҳсуб мешавад, ки ин арзиши бебаҳои ҳаётро ҳифз мекунад. Ҳодисаҳои ҷаҳони имрӯза ба он далолат мекунанд, ки ваҳдату оромиш беш аз ҳар вақти дигар ба ҳифзу таҳким ниёз дорад, зеро ваҳдат […]


Табрикоти Раиси Суди Олии иқтисодӣ бахшида ба рӯзи Ваҳдати миллӣ

  Ҳамкасбони гиромӣ! Ҳозирини арҷманд! Шуморо ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ самимона табрику таҳният намуда, бароятон сиҳатмандии комил, бахту саодат ва пирӯзихоро таманно менамоям. Қобили қайд аст, ки қабули Эъломия дар бораи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конститутсияи нави давлати соҳибихтиёр барои рушди низоми мукаммали ҳуқуқиву сиёсӣ ва пешрафти иқтисодиву иҷтимоии мамлакат имконият фароҳам оварда, бо қабули […]


«Нақши байналмилалии ташаббуси нави Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028»

Муҳтарам, раис, ҳамксбон ва меҳмонони олиқадр!  Дар мизи мудаввари имрўза ман дар мавзўи «Нақши байналмилалии ташаббуси нави Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» маърўза менамоям. Бояд тазакуур дод, ки ҳадаф аз эълони ду даҳсолаи байналмилалии амал (2005-2015 ва 2018-2028), соли байналмилалии оби […]


«Аҳамият ва ҷойгоҳи Об дар рушди устувори иқтисоди кишвар».

Мӯхтарам Раис ва ҳамкасбони гироми, тавре ҳаммаи мо огаҳи дорем 21 декабри соли 2016 Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид қатънома дар бораи қабули Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028-ро қабул намуд. Он аз ҷониби Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ- Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардид. Қатъномаи мазкур, пеш аз […]


Терроризм ва ифротгароӣ дар ҷаҳони имрӯза – баромади Судяи Суди Олии иқтисодӣ Мирзозода П. дар мизи мудаввар оид ба “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез”

Ҳамкасбони муҳтарам . Дар аввал қайд кардани ҳастам, ки дар шаҳри Душанбе санаи 04 майи соли 2018 баргузор гардидани конфронсияи байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгаройии хушунатомез” дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Иттиҳоди Аврупо ва шарикони дигар, худ баёнгари омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамкорӣ […]


Хатари умумиҷаҳонии экстремизм ва терроризми байналмиллалӣ – баромади судяи Суди иқтисодии шаҳри Душанбе Саидзода Зулфия дар мизи мудаввар оид ба “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез”

Шукргузор аз онем, ки имрӯз мо дар фазои давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона фаъолияти корӣ, хизматӣ, илмӣ, эҷодӣ, омӯзгорӣ ва дигар фаъолиятҳои мухталифи ҷомеаро ба роҳ монда истодаем. Терроризм ва эктремизм ҳамчун зуҳуроти аз ҳама хавфноктарин ва басо мушкили пешбинишавандаи ҷаҳони муосир ба ҳисоб меравад, торафт шаклҳои гуногуни таҳдидомез ва хатари умумиҷаҳониро ба […]