More from: Паёми Президент

Паёми телевизионии Пешвои миллат ба муносибати Соли нави мелодӣ

Ҳамватанони азиз! Тибқи солшумории мелодӣ соли 2017 сипарӣ шуда, соли нави 2018 фаро мерасад. Кулли мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳамаи ҳамватанони бурунмарзиамонро ба ин муносибат самимона табрик мегӯям. Дар соле, ки фаро расида истодааст, ба хонадони ҳар яки шумо фазои орому осуда, рӯзгори обод ва хушҳоливу хушрӯзӣ орзу менамоям. Умедворам, ки соли нав барои халқи […]


Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои […]


Паёми телевизионии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ

Ҳамватанони азиз! Ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ, ки рамзи бахту саодат ва сарбаландии миллату давлати тоҷикон буда, симои мардуми тамаддунсози моро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ мекунад, самимона табрик мегӯям. Парчами миллӣ мояи ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиқлол, ифодагари иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми фарҳангии мо буда, мақсаду […]


Паёми телевизионии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия

Ҳамватанони азиз! Дар таърихи навини мардуми мо қабули Конститутсияи давлати соҳибистиқлоламон яке аз рӯйдодҳои муҳимтарини сарнавиштсоз буда, ин санаи муборак ҳар сол бо рӯҳбаландии хосса таҷлил мегардад. 6 ноябри соли 1994 дар давраи ниҳоят ҳассоси сиёсиву иҷтимоӣ, дар замоне, ки ҳанӯз оташи ҷанги шаҳрвандӣ аланга мезад, аз ҷониби мардуми тамаддунсози мо бо дарки масъулияти бузург […]


Паёми телевизионии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ

Ҳамватанони азиз! Ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ, яъне забони шоиронаву шевои тоҷикӣ, ки онро султони суханварони Аҷам устод Рӯдакӣ «тараббахши рӯҳу фараҳафзои ҷон» номидааст, самимона табрик мегӯям. Забони тоҷикӣ мероси бузурги ниёгони некноми мо бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёд ҳамчун риштаи пайванди насл ба насли миллат аз ҳазорсолаҳои дур то давлати соҳибистиқлоли тоҷикон […]


Паёми телевизионӣ Пешвои миллат ба муносибати 26-умин солгарди истиқлолияти давлатӣ

Ҳамватанони азиз! Фардо мардуми шарифи Тоҷикистон ҷашни муқаддасу мубораки бистушашумин солгарди истиқлолияти давлатиро бо шукӯҳу тантанаи хосса таҷлил мекунанд. Ба ин муносибат кулли сокинони кишвар ва ҳамватанони бурунмарзиамонро самимона шодбош гуфта, ба хонадони ҳар яки онҳо саодату хушбахтӣ ва дар роҳи амалисозии нияту нақшаҳои некашон барору комёбӣ орзумандам. Дастовардҳои кишвари маҳбуби мо дар ин фосилаи […]