More from: Суханрониҳои Президент

Паёми табрикотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, мухтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ

  Ҳамватанони азиз! Ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ, ки яке аз рукнҳои асосии давлатдории навини мо мебошад, самимона табрик мегӯям. Забони миллӣ мисли шаҳсутун бинои маънавии давлатро побарҷо нигоҳ дошта, маърифату фарҳанг, ахлоқу одоб, бинишу афкори миллатро чун ойина дар худ инъикос мекунад. Ин аст, ки забони тоҷикӣ асоси ҳувияту худшиносии миллии мо […]


Суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Конибодом

Ҳамватанони азиз! Муҳтарам сокинони шаҳри бостонии Конибодом! Ин лаҳзаҳо ҳамаи мо ба ифтихори ҷашни Ваҳдати миллӣ – яке аз дастовардҳои бузурги мардуми шарифи Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ ба ҳам омадаем. Бинобар ин, ба хурду бузурги кишвар, ҳамватанони бурунмарзиамон ва ҳамаи шумо, ҳозирини гиромӣ ин санаи таърихиро самимона табрик мегӯям. Бисту як сол қабл, яъне 27 […]


Иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез”

4 майи соли 2018 дар Кохи Сомон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” иштирок ва бо нутқи пурмуҳтаво баромад карданд. Дар кори конфронс муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, Роҳбари Дафтари зиддитеррористии Созмони Милали Муттаҳид, […]


Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати таҷлили ҷашни Наврӯз дар Наврӯзгоҳи шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз! Меҳмонони арҷманд! Ҳозирини гиромӣ! Ҷашни байналмилалии Наврӯз – Соли нави мардумони ориёиро, ки якҷо бо фасли баҳор, яъне айёми эҳёи табиат сарзамини мо, аз ҷумла пойтахти азизамон – шаҳри Душанберо боз ҳам дилкашу зебо гардонидааст, ба кулли мардуми мамлакат ва ҳамаи сокинони пойтахти кишвари соҳибистиқлоламон табрик мегӯям. Наврӯз, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба […]


Мулоқоти Пешвои Миллат Эмомалӣ Раҳмон бо зиёиёни мамлакат

19 марти соли 2018 дар Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар остонаи ҷашни фархундаи Наврӯзи байналмилалӣ чун анъанаи накуи баҳорӣ бо зиёиёни мамлакат мулоқоти самимию судманд анҷом доданд. Дар оғоз Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кулли мардуми шарифи тоҷик, ҳамзабонони бурунмарзӣ, мардумони ҳавзаи […]


Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз мулоқоту музокирот бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев

Муҳтарам Шавкат Миромонович, Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори омма, Пеш аз ҳама, мехоҳам зикр намоям, ки дар натиҷаи сафари давлатии имрӯзаи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Миромонович ба кишварамон мо ба ҳалли таърихии маҷмӯи масъалаҳои муҳими дуҷонибаи рӯзномаамон расидем. Суҳбати созанда ва муфассал оид ба доираи васеи масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистону Ӯзбекистон ва дурнамои рушди онҳо дар […]


Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 25-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ

Муҳтарам генералҳо, афсарон ва сарбозони шуҷои Ватан! Муҳтарам собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳ! Имрӯз мо бисту панҷумин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистони соҳибистиқлоламонро бо шукргузорӣ аз фазои орому осоиштаи Ватани азизамон ҷашн мегирем. Ба ин муносибат ҳайати шахсии ҷузъу томҳои ҳарбиро, ки дар бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ, ҳифзи марзу буми Ватан ва таъмини амнияти давлату ҷомеа […]


Табрикоти телевизионии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Сада

29.01.2018 18:00, шаҳри Душанбе Ҳамватанони азиз! Боиси ифтихори ҳар яки мост, ки ба шарофати соҳибистиқлолӣ анъанаву суннатҳо ва ҷашнҳои миллии мардуми куҳанбунёди мо эҳё гардида, арҷгузорӣ ба онҳо сол ба сол бештар шуда истодааст. Имрӯз ҷашнҳои миллии мо, ки аз қаъри асрҳо ба замони мо расидаанд, ҳоло дар сатҳи давлатӣ, бо рангу ҷилои беҳтар ва […]